Дар шаҳри Конибодом ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ тибқи нақша идома дорад.
Дар баробари бунёди иншооти таъиноташ гуногун сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф низ идома дошта, роҳбари вилоят сохтмони муассисаҳои томактабии рақами 1 ва 2-и шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, баъди ба истифода додани кӯдакистони рақами 1 то 150 нафар ва дар кӯдакистони рақами 2 бошад 250 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Ҳамаи иншооти бунёдшаванда мутобиқ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ сохта шуда, ба сифтаи корҳо диққати бештар равона карда шавад.
Тибқи иттилои масъулин дар ин мавзеъ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Шарора» 4 бинои бисёрошёна бо фарогирии 260 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ сохта шудааст. Сохтмончиён нақша доранд, ки иншооти сохташавандаро дар муҳлати пешбинишуда бо сифтаи баланд ба истфида диҳанд.