Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» доир мегардад

Рӯзҳои 26-29 октябр дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» доир  мегардад. Дар ин хусус аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад. Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Покистон ва  Туркия маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи мамлакат маъруф мебошанд, муаррифӣ мегарданд. Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст. Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд.