Афзоиши теъдоди ҷойҳои корӣ дар вилояти Хатлон

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давоми 9 моҳи соли равон 43 ҳазору 883 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи ҷойҳои кории ташкилшуда 1,8 ҳазор зиёд мебошад. Ба иттилои манбаъ, 5380 адади ҷойҳои корӣ аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва 38504 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ ташкил ёфтааст.  

Дар соҳаҳои истеҳсолӣ қарздорӣ аз музди меҳнат нисбат ба аввали соли 2023-юм 564,5 ҳазор сомонӣ кам гардида, ба ҳолати 1 сентябри соли равон 68 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.