“Ҷумҳурият”:  Дар Тоҷикистон  тайи як сол даҳҳо иншооти сарҳадӣ бунёд шудааст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили иди Меҳргон дар Тоҷикистон, сафари кории  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба вилояти Хатлон, сафари расмии вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон, афзоиши нархи гази моеъ дар кишвар ва нахустин ҷашнвораи байналмилалии синамоии  “Тоҷи Сомон” дар Душанбе матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи аз 19 октябр хабар дод, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, нахуст дар ноҳияи Фархор дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити олии хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи иртиботи видеоӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳин, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ ба истифода супурданд.

Дар маҷмуъ, дар ин рӯз дар сарҳади Тоҷикистон 24 дидбонгоҳ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуда, барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити хуби хизмату зист муҳайё гардид. 

Дар идома гуфта мешавад, ки моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон  бунёди 78 иншооти нави сарҳадӣ оғоз ёфт ва ҳамаи он пурра дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ бо сифати баланд мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Дар баробари ин соли 2024 боз 12 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта хоҳад шуд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 октябр мақолае бо номи “Муассисаҳои томактабӣ. Ироҷи супоришҳои Сарвари давлат масъулияти бештар мехоҳад!” чоп карда, аз сатҳи ками фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ кардааст.  

Муаллиф менавсиад, айни ҳол аз 1 миллиону 71 ҳазор кӯдакони синни томактабӣ 171 ҳазору 416 нафари онҳо  ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд, ки 16 дарсадро ташкил медиҳаду халос. Ин ҳам дар ҳолест, ки Президент ба Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода буданд, ки то соли 2021 фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилот ба 30 фоиз расонанд.

Дар идома зикр мешавад, ки тибқи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ҳар сол аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешуд. Вале аз оғози амалишавии барнома, яъне тайи сею ним соли сипаришуда, аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст. 

Инчунин муаллиф таъкид мекунад, ки дар баробари кам будани муассисаҳои томактабӣ,  қисме аз онҳо фурӯхта шуда, қисми дигар ғайримақсаднок истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар барномаи мазкур зикр мешавад, ки  дар ҷумҳурӣ  140 ҳолати ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад, қисме аз муассисаҳои томактабӣ фурӯхта шудаанд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” инчунин дар шумоари рӯзи 19 октябр бо нашри матлабе аз истифодаи ғайри муассири заминҳои кишт дар бархе манотиқи кишвар интқиод кардааст.

Муаллиф менависад, ки тибқи таҳлилҳо давоми се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи агротехникӣ ва обёрӣ сатҳи обҳои зеризаминӣ зиёд гардида, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, эрозияи заминҳо ва ҳангоми аз кор баромадани пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ қисман биёбоншавии заминҳои корам ба амал омадаанд. Аз ҷумла, тибқи маълумот, масоҳати заминҳои таназзулёфта дар соли 2022 дар ҳудуди вилояти Суғд  45612 гектар,  дар вилояти Хатлон 44877 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 249,79 гектарро ташкил дод.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи  16 октябр хабар дод, ки дар кори ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар  шаҳри Санкт-Петербурги Русия ваклиони Маҷлиси Намояндагон Рустам Шоҳмурод, Рустам Латифзода Фозил Обидзода ширкат карданд.

Дар ин ҷаласаҳо коршиносон дар бораи рафти кор оид ба лоиҳаи «Консепсияи намунавии таълими экологӣ барои кишварҳои ИДМ» маълумот шуниданд. Кор оид ба лоиҳаи «Консепсияи намунавии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ барои кишварҳои узви ИДМ» идома дорад.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласаҳо бо мақсади такмил ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи қонунгузории миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи амният,  лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи амнияти ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Маркази зиддитеррористии маркази давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия шудааст, баррасӣ карданд.

Нашрияи “Садои мардум” дар ин шумораи худ ҳамчунин матлабе бо номи “Cаноатикунонии босуръат” чоп карда, менависад, ки бе саноатикунонии кишвар расидан ба ҳадафҳои навбатӣ, яъне аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додан мушкил аст.  Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки  танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони кишвар ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Инчунин дар панҷ соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуда, то соли 2025 татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд. Танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кардаанд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 18 октябр хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи  ахири  гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марз наздики 13,98 км хати сарҳади давлатии ду кишварро муайян намуданд. Ҷаласаи ҳайати кории ду кишвар дар ҷаласаи рӯзҳои 12 — 18 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор гардид.

«Қисмати марзии муайяншуда ҳудудҳои навоҳии наздимарзии вилоятҳои Суғд ва Бодкандро дар бар мегирад», — иттилоъ медиҳанд манобеи огоҳ. Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин гурӯҳҳои кории ду кишвар бар сари 43,32 км хати марз миёни ду кишвар тавофуқ карданд. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марз дар ҳудуди Қирғизистон доир шавад.

Суръати тоза гирифтани музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз имзои Протоколи рақами 44 миёни Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев раҳбарони ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикситон ва Қирғизистон рӯзи 2 октябр дар Ботканд имконпазир шуд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумоари худ, мақолаи таҳлилие дар мавриди паёмадҳои зистмуҳитӣ ва иқтисодии бунёди канали Қӯштеппа дар Афғонистон нашр кардааст. Ба навиштаи муаллиф, баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин канали бузурги об, ҳаҷми оби руди Ому, ки ба Узбекистон ва Туркманистон ворид мегардад, то 15 дарсад кам мешавад.

Ин дар ҳолест,ки ба гуфтаи муаллиф , соҳаи пахтакори 17% -и Маҷмуи маҳслуоти дохилии Узбекситонро ташкил дода, сатҳи зиндагии 40%-и аҳолии ин кишвар ба фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ бастагӣ дорад. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди муаллиф,  Афғонистон  Муоҳидаи ҳифз ва истифодаи обҳои фаромарзиро, ки соли 1992 қабул шуд, имзо накардааст.

Нашрияи русии “Азия-плюс” дар шумораи рӯзи 19 октябр хабар медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2023 ба маблағи 1 млрд сомонӣ  бе тағйир додани андозаи қасри буҷет зиёд карда шавад.  Қарори дахлдори рӯзи 22 сентябри соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикситон имзошуда ва дар Пойгоҳи итттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашршуда ба палатаи поёнии парлумон ирсол шудааст.

Дар замима ба санад гуфта мешавад, қисмати даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ зиёд мешавад.  Аз ҷумла  Кумитаи андоз  бояд  иловатан 400 млн сомонӣ  ва  Хадамоти гумрук 600 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кунанд. 

Дар санад пешбинӣ шудааст, ки пулҳои ҷамъшуда барои маблағгузории иловагии  бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ — 33 млн сомонӣ, мудофиа — 340 млн сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ — 4 млн 500 ҳазор сомонӣ, маориф — 66 млн сомонӣ, тандурустӣ — 26 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш — 24 млн 104 ҳазор сомонӣ ва  комплекси сӯзишворию энергетикӣ — 506 млн 250 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”