Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ифтитоҳ гардид. Дар намоишгоҳ намояндагони Ҳукумати кишвар, Вазорати фарҳанг ва дигар кишварҳои хориҷа иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур ба ғайр аз Тоҷикистон, ноширони хориҷӣ аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Тукманистон, Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон китобҳои илмию бадеиро пешниҳод намуданд.
Дар кушодашавии Намоишгоҳ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Муҳиддин Паншанбезода суханронӣ карда, иброз намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 инҷониб ҳамасола Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир мегардад, ки он дар таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои бо мо дӯсту бародар, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии насли наврас ва ҷавон тавассути мутолиаи китоб нақши хеле муҳим мебозад.
Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар баромад карда, гуфт, ки соли 2023 дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ соли забони русӣ элон гардидааст ва ба ин муносибат ноширони ФР имрӯз ба ҳайси меҳмони ифтихории намоишгоҳ ҳузур доранд. Ба таъкиди Давлат Сафар чунин иқдом дар таъри намоишгоҳ бори аввал аст, ки роҳандози мегардад ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки ин навгони ба ҳукми анана дарорад ва ҳар сол ноширони яке аз кишварҳои иштироккунандаро ба унвони “Меҳмони ифтихорӣ” пазироӣ намояд.
Аз ноширони дохилӣ Муассисаи нашриявии “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи милли тоҷик”, “Нашриёти муосир”, “Ирфон”, “Адиб”, “Эр-граф”, КВД “Шарқи озод”, “Матбааи Донишгоҳи милли Тоҷикистон”, “Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “Адабиёти бачагона”, ҶДММ “Торус” ва КВДТС “Китоб” китобҳои илмию бадеӣ ва тозанашри худро ба пешниҳоди хонандагону харидорон карданд. Мустафо Муҳаддисӣ шоир ва намояда аз ҶИ эрон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҶТ ва ҶИЭ ҳавзаи тамаддун ва таърихи муштарак доранд ва баргузории чунин намоишгоҳ ин пайвандии фарҳангиро бештар мегардонад.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимон, шоирону нависандагон консеренсияи илмӣ-амалӣ дар назар аст. Намоиҳгоҳ то 5 октиябр давом карда, дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳ меҳмон аз бузургтарин махзани китоби кишварамон Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маркази ифтихорот ва ёдгориҳои бостонии милли-Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Маҷмааи майдони “Истиқлол” ва ҶСП “Нашриёти муосир” дар шаҳри Душанбе дидан хоҳанд кард. Дар маросими поёни Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” иштирокдорон ва фаъолони ин чорабинии фарҳангӣ бо дипломҳо ва сипосномаҳои Вазорати фарҳанг қадрдонӣ мегарданд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“