Давлат Болтаев низ роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024-ро ба даст овард

Дар рӯзи 8-уми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 муштзани дигари тоҷик Давлат Болтаев аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода ба даври ниҳоӣ мусобиқа роҳ ёфт.

Давлат Болтаев дар даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 бар Ҷаеминг Ҷионг варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 ғолиб гардида, ба финал баромад. Ӯ дар финал рӯзи 4-уми октябр бо Ҳан Хуежен аз Чин барои ба даст овардани медали тилло мубориза мебарад.

Инчунин Давлат Болтаев баъди ғолибият дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022, саҳмияи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024-ро ба даст овард.