Миҷгона Самадова аввалин шуда роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024-ро барои Тоҷикистон ба даст овард

Дар рӯзи 8-уми Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 муштзанбонуи шинохтаи кишвар Миҷгона Самадова дар вазни -57кг барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ бо варзишгари Ҷопон қувваозмоӣ намуд.

Дар ин рақобат Миҷгона тавонист бар Сатсуки Ёшизаваи ҷопонӣ пирӯз гардида ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 роҳхат гирифт.

Ин ғалаба натанҳо барои Миҷгона дар Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 умеди медал бахшид, балки аввалин роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж 2024-ро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст овард.