Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус иштирок доранд.
Дар назар аст, ки дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Самандарзода П.