Ҷудокорони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

Аз 4-ум то 7-уми октябр дар шаҳри Одивелоси Португалия Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар доираи сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар мусобиқа иштироки ҳудуди 582-варзишгар аз 75-кишвари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои сафарбар кардан ба Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон 9-варзишгарро интихоб намудааст.

Садриддинзода Фазлиддин дар вазни -66кг
Абубакр Шеров дар вазни -73кг
Асадуллоев Муҳиддин дар вазни -73кг
Абдуҷалилзода Муҳаммадҷон дар вазни -81кг
Сайфидинзода Сайфидин дар вазни -81кг
Хисравов Сомонӣ дар вазни -90кг
Раҷабов Умедҷон дар вазни -90кг
Абдураҳмонов Парвиз дар вазни -100кг
Элмуродов Иброҳимҷон дар вазни +100кг.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2022, ҷудокори шинохтаи тоҷик – Эмомалӣ Нуралӣ сезовори тилло гардида буд.