Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи рушди УЕФА иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) зери роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА ширкат меварзад.

Мусобиқа аз 3-юм то 8-уми октябр дар пойтахти Белларусия шаҳри Минск баргузор мешавад.

Рақибони тими наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахабҳои Россия (3-октябр), Беллорусия (5-октябр) ва Қирғизистон (8-октябр) ба ҳисоб мераванд. Мусобиқаи рушди УЕФА дар Белларусия аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад.