Нокомии Меҳрзод Суфиев бо Обид Ҷебов барои медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу

Нимаи дуюми рӯзи 23-юми сентябр дар доираи рақобатҳои Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу оид ба ҷудо, ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Меҳрзод Суфиев (60кг) ва Обид Ҷебов (-66кг) барои ба даст овардани медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу рақобат намуданд.

Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг бо ҷудокори қазоқ – Магжан Шамшадин нерӯсанҷӣ кард. Рақобати паҳлавонон бо пирӯзии варзишгари қазоқ хотима ёфт. Меҳрзод Суфиев бошад ҷойи 5-умро касб кард!

Паҳлавони дигари тоҷик – Обид Ҷебов дар мубориза барои ба даст овардани медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу дар вазни -66кг аз ҷудокори кореягӣ Ан Баул шикаст хӯрд ва зинаи 5-умро ба даст овард!

Cорбон Амонуллозода