Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла тантанаҳои ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 сентябр мақолае бо номи “Як рӯзи хотирмон ва олами андешаҳои сабз” чоп кардааст, ки дар он муаллиф бардошти хешро аз тантанаҳои ҷашни солгарди истиқлоли Тоҷикистон рӯи коғаз овардааст.
Муаллиф менависад, “Ҷаноби Олӣ бо нигаристан ба далелу рақамҳо суҳбати озод менамуданду дирӯзи сангинро бо имрӯзи рангин қиёс мекарданд. Пеши чашм Ватани валангор меомад, ки на сармоя дошту на саробоне. Вале бо азму талоши фарзанди содиқаш мисли кӯдаке, ки оҳиста-оҳиста бузург мешавад, ба кишвари шукуфоне табдил ёфт”.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 13 сентябр мақолае зери унвони “Пешвои миллат ва сайри ҷаҳонии фарҳанги миллӣ дар замони истиқлоли давлатӣ” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола таъкид мекунад, ки дар баробари дигар зарфияту арзишҳо, нақши фарҳанг, санъату ҳунар дар муаррифӣ ва шинохти миллатҳо хеле муассир аст.
Ба навиштаи муаллиф, сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро ба вуҷуд оварда, дар маҷмуъ, муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидааст.
Дар ин замина муаллиф ба ҷашн гирифтани солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангии дигар ибтикороти роҳбурдие ба шумор мераванд, ки дар зинда кардани хотираи таърих, эҳёи дигарбораи мероси фарҳангии оламшумули тоҷик такони ҷиддӣ бахшиданд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 12 сенбяр мақолае бо номи “Об ҳаёт аст” нашр намуда, менависад, ки айни замон беш аз 40 дарсади аҳолии Замин аз норасоии об танқисӣ мекашанд.
Ба таъкиди муллиф, тибқи таҳлилҳои коршиносон, шумораи аҳолӣ дар сайёра то соли 2100 ба 11 миллиард хоҳад расида, мушкилии об торафт мураккаб мегардад. Аз гузоришҳои интишорнамудаи СММ бармеояд, ки имрӯз беш аз 700 миллион нафар дар зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мекашанд.
Дар идома муаллиф таъкид мекунад, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, онҳо барои ҳифзи сайёра аз хатарҳои глобалӣ пешбинӣ шудаанд.
Махсусан, дар Тоҷикистон тайи ин солҳо корҳои зиёд барои таъмини аҳолии мамлакат бо оби ошомиданӣ ба сомон расиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат аст.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумораи хеш, аз рафти мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар матлабе нашр кардааст. Аз ҷумла ба навиштаи ин рӯзнома, ахиран дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар мулоқот роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлоли давлатӣ ва муҳтавои Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон фикру андешаҳо баён гардид.
Бахусус дар ин мулоқот зикр шуд, ки замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Дар идома гуфта шуд, ки агар дар соли таҳсили 1991 — 1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод, ин шумора дар соли таҳсили 2022 — 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 13 сентябр дар сармақолаи худ зери унвони “Сарони Осиёи Марказӣ дар Душанбе. Аз ҳамгироии минтақавӣ то мубориза бо хатарҳои глобалӣ” аҳамияти ҷаласаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанберо баррасӣ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, нишасти панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле баргузор мегардад, ки таваҷҷуҳи абарқудратҳо дар ин авохир ба Осиёи Марказӣ афзудааст. Дар 5 соли гузашта панҷ ҷаласа дар сатҳи гуногун бо ҳузури кишварҳои минтақа баргузор шуд. Аз ҷумла, дидор дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Амрико — Осиёи Марказӣ дар Остона, Чин — Осиёи Марказӣ дар Сиан, Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ дар сатҳи сарони кишварҳо дар Алмато ва кишварҳои Халиҷи Форс — Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷидда сурат гирифт.
Ба гуфтаи Шералӣ Ризоён коршиноси масоили сиёсӣ таҳкими фазои эътимоди мутақобила дар Осиёи Марказӣ ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварҳои минтақа мувофиқат карда, нуқтаҳои рушдро ба вуҷуд овард ва ба густариши тавонмандиҳои ҳар як давлат мусоидат намуд. Ба гуфтаи вай роҳандозии мулоқотҳо дар паҳнои Осиёи Марказӣ муҳити ҳамкориҳои дохилиминтақаӣ сифатан беҳтар шуд, ки тамоми соҳаҳоро дар бар мегирад.
Нашрияи “Тоҷикистон” инчунин дар ин шумоари худ мақолае б номи “Сиёсати неки ҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии стратегӣ” чоп карда, дар он вазъи феълӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои байналмилалии Туркманистон, аз ҷумла дар самти амнияти энергетикӣ, нақлиёт, экология, ҷонибдорӣ мекунад.
Ҷониби Туркманистон дар навбати худ муроҷиат ва ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистонро дар СММ ва дар чаҳорчӯбаи дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ қабулшударо дастгирӣ мекунад.
Ба хулосаи муаллиф, Туркманистон ва Тоҷикистон дар заминаи эҳёи равобити мутақобилан судманд дар арсаи тиҷорату иқтисод тасмим гирифтаанд, ки шарикони боэътимоди иқтисодии хориҷӣ гарданд ва равобити дарозмуддат бунёд кунанд. Соҳаҳои асосии ояндадори ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон соҳаҳои сабук, нафту газ, саноати кимиё, металлургӣ, комплекси агросаноатӣ, нақлиёт ва коммуникатсия мебошанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 14 сентябр бо нашри мақолае масъалаи тармим ва бозсозии нақби обрасони Данғарарро баррасӣ кардааст. Нашрия менависад, ки нақби Данғара бо дарозии 14 км баъди 38 соли истифода таъмирталаб шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки нақби обрасонии Данғара 6 дарвоза дошта, ҳар кадом 240 тонна вазн доранд ва айни замон 4 дарвоза ба таъмири куллӣ ниёз дорад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”