Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади суръат бахшидани корҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар 1 декабри соли 2016 № 636 Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул намуд.
Дар робита ба ин, санаи 20 январи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки дар санади мазкур се ҳадафи миллии эълонкардаамон (ҳадафҳои стратегии кишвар) ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем.
Зимнан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.”
Инчунин, 26 декабри соли 2018 ҳаноми ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки “мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки “бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.”
Дар заминаи гуфтаҳои боло, аҳаммияти стретегии сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар он зоҳир мегардад, ки он ба татбиқи якхелаи барнома ва стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистн мебошад.
Аз ин рӯ, агар ба таҳлили ҳамаҷонибаи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ВМКБ назар андозем, аз лиҳози хусусият ва соҳаҳо ба татбиқи чор ҳадафи стратегии кишвари соҳибистиқлоламон комилан мувофиқ мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ВМКБ, аз 25 то 27 июни соли 2025 дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ҳудудан 50 адад чорабиниҳо ва ифтитоҳи иншооти таъиноташон гуногун сурат гирифтаанд.
Аз шумораи умумии чорабиниҳои болозикр 35 адад иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуда, бо кормандони соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат 15 адад боздид (3), мулоқоту (10), суханрониҳо (6) анҷом дода шудаанд.
Агар шумораи чорабиниҳои баргузоршуда ба монанди ифтитоҳи иншооти таъиноташон гуногун, боздид ва мулоқоту суханрониҳоро дар шаҳру ноҳияҳо таҳлил намоем, ба н. Ванҷ 6 адад, н. Дарвоз 9 адад, н. Рушон 9 адад, н. Рошқалъа 7 адад, н. Шуғнон 7 адад ва ш. Хоруғ бошад 11 ададро ташкил менамоянд.
Дар робита ба аҳаммияти стретегии мазмуни чорабиниҳо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чоарабиниҳои баргузоргардида фарогири дастёбӣ ба чор ҳадафи стратегӣ ва рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, таҳкими волоияти қонун, рушди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳанг мебошанд.
Дар қаринаи болозикр таҳлили чорабиниҳои мазкурро аз назари соҳавӣ метавон ба таври зерин арзёбӣ намуд:
1. Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон. Дар сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани кишвар ба кишвари транзитӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта дар ин замина барнома ва стратегияҳои соҳавӣ қабул гардидаанд.
Дар робита ба масъалаи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он зимни сафари кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ корҳои зерин анҷом дода шуданд:
Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма.
Ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон.
Ба истифода додани пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ.
Ифтитоҳи 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузар дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон.
Ифтитоҳи бино ва озмоишгоҳи муосири Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ.
2. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат. Ҳадафҳои дигари муҳиму стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар заминаи дастёбӣ ба ин ҳадафҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ корхона ва маҷмуаҳои зиёди агросаноатиро мавриди истифода қарор доданд, ки онҳоро ба таври зайл арзёбӣ намудан мумкин:
—Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Дарвоз.
Фермаи бузи ширдеҳ
Парвариши харгӯш
Коргоҳи коркарди маҳсулоти шир
—Ифтитоҳи гармхона, дар ноҳияи Рӯшон, ки дар он асосан бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ парвариш меёбад. Сабзавот дар гармхона ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад. Гармхона аз 6 қисм иборат буда, дар 1 сол аз он 30 тонна сабзавоти гуногун истеҳсол карда мешавад.
-Ифтитоҳи Корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нонӣ ҶДММ Ганҷи Рӯшон. Дар корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 5 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғот, чака ва маска ба роҳ монда шудааст.
-Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ- Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз. Хоҷагӣ бо ҷалби сармояи Корея ва Олмон таъсис ёфтааст ва дар он ду намуди моҳӣ — Салмон ва Кохо парвариш меёбад. Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад.
-Ифтитоҳи Корхонаи ҶДММ “Барги Шоҳтут” дар ноҳияи Шуғнон. Иншооти нави саноатӣ дорои 3 хатти истеҳсолӣ буда, дар он 3 намуди маҳсулот, аз қабили чой аз барги тут ва алафҳои шифобахш, омехтаи тут, зардолу, гармдору, донаҳои зардолу ва бодоми талх дар шакли куфташуда бо бастабандии муосир ва ширинӣ аз тут бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Корхона аз рӯи самти фаъолият дар вилоят ва ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 90 тонна маҳсулоти тайёр аст. Маҳсулоти тайёри корхона асосан ба содирот пешбинӣ гардидааст.
Ашёи хом аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва гиёҳҳои шифобахш аз табиат ҷамъоварӣ карда мешавад, ки ин ба таъмини фаъолияти муназзами корхона мусоидат менамояд.
-Ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашикан дар Парки технологии шаҳри Хоруғ. Дар доираи фаъолияти Парки технологии шаҳри Хоруғ, ду коргоҳ, коргоҳи истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ҶДММ Неъматҳои Помир ва коргоҳи обҳои табиии ташнашикани ҶДММ Нарзани Помирро ифтитоҳ гардиданд.
Коргоҳи технологии Неъматҳои Помир, ки маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб истеҳсол мекунад, бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардида, иқтидори истеҳсолии он то 3 тонна маҳсулоти гӯштӣ дар як шабонарӯз мебошад.
Корхонаи истеҳсоли обҳои табиии ташнашикани ҶДММ Нарзани Помир бо ҷалби сармояи дохилӣ ва истифодаи технологияи муосири тавлидоти саноатӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 3 ҳазор шиша оби нӯшокии табииро дар бар мегирад.
Истеҳсоли маҳсулот бо сифати баланд, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, сурат мегирад ва ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона карда мешавад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки бо истифода додани ҳашт иншооти болозикр тақрибан 150 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор таъмин гардида, тибқи нақша соҳибкорон ният доранд ин шумораро ҳудудан ду баробар афзоиш диҳанд.
2.1. Рушди соҳаи саноат ва инноватсия дар ВМКБ. Дар заминаи рушди иқтидори саноатӣ ва инноватсия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иншоотҳои зеринро мавриди истифода қарор доданд:
-Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии “Мармар Стоун” дар ноҳияи Ванҷ. Корхонаи истеҳсоли калсит имконият дорад, дар як сол 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд.
Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалсит истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосир дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсити аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шудааст.
Бобати таъмин бо неруи барқ то мавзеи корхона дар маҷмуъ дар масофаи 27 км хатти неруи барқ бо иқтидори 35 киловатт (кВт) кашида шудааст, ки дар баробари корхона, инчунин сокинони 4 деҳаи ноҳияи Ванҷ тавассути он бо барқ таъмин мешаванд.
— Ифтитоҳи Парки саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ. Парки саноатӣ дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст.
— Ифтитоҳи Парки технологӣ дар ноҳияи Роштқалъа. Парки технологӣ дар масоҳати умумии 930 метри мураббаъ сохта шуда, арзиши лоиҳавии он зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Парки технологӣ дар маҷмуъ аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ, коркарди меваю сабзавоти хушк ва банду баст, коргоҳи табъу нашр ва маҳсулоти полиграфӣ, коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ иборат мебошад.
— Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз. Яке аз рӯйдодҳои муҳим ҳангоми сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” ба ҳисоб мерафт.
Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад.
Дар доираи фаъолияти корхонаҳои болозикр ҳудудан 120 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд, ки он ба сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят мусоидати ҷиддӣ намуда рӯ ба афзоиш менамоянд.
3. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ. Дар робита ба ин ҳадафи стратегии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, иншоотҳои зеринро маврити истифода ва баҳрабардорӣ қарор доданд:
Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ ва 4 неругоҳи барқии обии хурд дар ноҳияи Рӯшон.
Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ дар ноҳияи Рӯшон барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар он ду трансформатори иқтидори ҳар кадомашон 4 ҳазор киловолт-ампер насб гардидааст.
Зеристгоҳ дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд гардида, 2 хатти воридотии 110 киловолта, 4 хатти баромади 35 киловолта ва 4 хатти баромади 10 киловолта дорад. Зеристгоҳ ба таври фосилавӣ аз шаҳри Хоруғ идора карда мешавад.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ 4 неругоҳи обии хурдро мавриди истифода қарор доданд.
Неругоҳҳои нави иқтидорашон хурд дар деҳаҳои Аҷирх, Равмед ва Миденчини ноҳияи Рӯшон ва Ёгеди ноҳияи Дарвоз, ки онҳо имкон медиҳанд, ки аз ин ба баъд сокинони деҳаҳои мазкур тамоми сол бо неруи барқ таъмин бошанд.
Неругоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа. Иншооти муҳими соҳаи энергетика аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад. Неругоҳи обии Себзор дар доираи дастгирии Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст ва технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 млн кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.
Оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ. Муарифии лоиҳаи Неругоҳи офтобии Рож, ки дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохта мешавад. Иншооти энергетикӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.
4. Соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷ 7 муассисаи томактабӣ, Рӯшон 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 2 кӯдакистони дигар дар ноҳияи Мурғоб, ифтитоҳи муассисаи томактабии №3 дар ноҳияи Шуғнон, ифтитоҳи 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа (2- адад) ва Ишкошимро (1-адад) мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамзамон, ифтитоҳи Китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ ва шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъӣ дар шаҳри Хоруғ, аз ҷумлаи муҳимтарин тадбирҳо дар самти рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас ба ҳисоб рафта, шумораи умумии муассисаҳо 12 ададро ташкил дода, сохтмони як қатор иншооти дигар оғоз гардид.
Самти муҳим ва мавриди таваҷҷуҳи муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону кудакони имконияташон маҳдуд мебошад. дар ин замина, Мулоқот бо ятимон ва кӯдакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Дарвоз ва ноҳияи Роштқалъа давоми мантиқии сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт.
5. Фарҳанг, сайёҳӣ, тандурустӣ, варзиш ва ҳифзи ҳуқуқ. Дар робита бо масъалаҳои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳудудан 15 иншоотҳои таиноташон гуногунро мавриди истифода қарор доданд, ки миёни онҳо маҷмааҳои фарҳангию фароғатӣ, аз қабили Комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С”, боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз, ифтитоҳи Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони муқаддасоти миллии ноҳияи Рӯшон, ифтитоҳи чойхонаи Хатлон дар маркази шаҳри Хоруғ, ифтитоҳи Марказҳои фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқи касабаи ВМКБ дар шаҳри Хоруғ, ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатӣ дар ноҳияи Роштқалъа, ифтитоҳи Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Зиёда аз ин, ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ ва рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ бо ифтитоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон, ифтитоҳи беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим буданд.
Яке аз масъалаҳои асосии рушди тамоми соҳаҳо ва омили таҳкимбахши фаъолияти кормандони соҳа таъмини шароити мусоиди зиндагӣ ва корӣ мебошад. Бо ин мақсад зимни сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Хоруғ, Прокуратураи ноҳияи Рӯшон бо шароити наву замонавӣ ифтитоҳ гардида, муаррифии лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт.
Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ, таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузории амиқ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон сурат гирифт.
Аз ин рӯ, таъкид намудан ба маврид аст, ки дар муқоиса ба дигар марказҳои маъмурии вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 28 соли таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ, ин сеюмин маротиба аст, ки дар ВМКБ солҳои 2010, 2016 ва 2025 Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таҷлил мегардад, ки назир надошта, нишон аз дастгирии хосаи мардуми ВМКБ аз сиёсати ваҳдатофар ва сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар маҷмуъ, аҳаммияти стратегии сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар он зоҳир мегардад, ки он ҷиҳати татбиқи саривақтии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон мусоидати амиқ менамояд.
Дар робита ба масъалаҳои болозикр мехоҳам пешниҳодҳои зеринро ироа намоям:
бо қадрдонӣ аз заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбарияти давлат ва соҳибкорони ватандӯст, дар самти истифодабарии корхонаҳо ва иншоотҳои таиноташон гуногун, зарур аст то масъалаи нигоҳубини онҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии масъулини соҳа қарор гиранд. Масъалаи мазкур ҳам симои шаҳру ноҳияҳоро зебо нигоҳ медорад, ҳам боиси беҳтар гардидани тарзи ҳаёти сокинон мегардад;
истифодаи самараноки имкониятҳои инфрасохтории иншоотҳои маъмурӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҷиҳати баланд бардоштани савияи кордонии кормандони соҳаҳои гуногун, ҷалби бештари аҳолӣ ба корҳои созандагӣ ва таъмини рушди устувори соҳаҳо;
рушди сайёҳии дохилӣ дар заминаи беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа ва бунёди роҳу нақлиёт, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии бештари соҳаҳо мусоидат менамояд.
САРЧАШМАҲОИ ИСТИФОДАШУДА
Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. [манбаи электронӣ. URL: https://prezident.tj (https://prezident.tj/). (санаи муроҷиат: 26.06.2025).
Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.01.2016.шаҳри Душанбе. [манбаи электронӣ. URL: https://president.tj/event/missives/9777. (санаи муроҷиат: 26.06.2025).
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26.12.2018. шаҳри Душанбе. [манбаи электронӣ. URL: https://president.tj/event/missives/17365. (санаи муроҷиат: 27.06.2025).
ШАРИФЗОДА САИДҲОМИД САФАР,
номзади илмҳои таърих,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон