Истиқлол – неъмати бузурги тоҷикон

То таҷлили ҷашни бузурги давлативу мардумӣ – солгарди Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон рӯзҳои башумор мондаанд. Омодагии ҳар идораву муассиса, шаҳру ноҳия ва ҳар фарди бедордилу ватандӯст ба ин ҷашни муборак ҳамарӯза вусъати тоза мегирад. Бе ҳеҷ як муҳобот Истиқлол пурарзиштарин ва маҳбубтарин неъмат барои мардуми Тоҷикистон аст, ки сиву як сол муқаддам ба он соҳиб гардиданд ва ҳамарӯза барои таҳкиму устувории он ҳар як хурду бузурги кишвар саҳм мегирад.

Инак, 32 сол боз ин иди зебою муқаддас бо шаҳомати бузург аз сатҳи хонавода сар карда, то тамоми манотиқи кишвар ва сатҳи ҷумҳурӣ ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Воқеан маҳз ҳамин неъмати бузург ба мардуми соҳибиқболи тоҷик ва кишвари маҳбубамон нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, осоиштагиву ваҳдатро ато намудааст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд. Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳо дар назар аст.

Тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.

Мо воқеан аз дастовардҳои сивуяксолаамон меболему барои боз ҳам афзун намудани онҳо минбаъд ҳам кӯшишу ғайрат ва тамоми нерӯи солими ҷомеаро бояд равона намоем Иди муқаддасу ифтихоромези Истиқлолро барои тамоми ҳамватанон таҳният мегӯям ва умеди комил дорам, ки он барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо тоза меоварад!

Мавзуна ОРУМБЕКОВА,
сардори шуъбаи менеҷмент
ва маркетингки Китобхонаи миллӣ