31 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) доктор Акиҳико Танака мулоқот кардааст.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, дар ҷараёни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, логистикӣ, саноатӣ, муҳитзистӣ, илму маориф, гуманитарӣ ва тақвияти зарфияти инсонӣ муҳокима гардиданд.