Пешбурди фаъолияти илмию технологӣ ва ҳамзамон фаъолияти инноватсионӣ шарти зарурии рушди равандҳои инноватсионӣ дар ҳар як давлати рушдкарда ва ё рушдкунанда мебошад. Ҳамзамон фаъолияти илмию технологӣ ба тавлид, рушд, густариш ва татбиқи донишҳои илмию техникӣ дар иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсолот вобаста мебошад.
Тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф навгониҳои зиёд роҳандозӣ шудаву мешаванд ва гуфтан лозим аст, ки ҳар сол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои зиёде доир ба соҳаи маориф, ғайр аз ин мушкилот ва роҳҳои беҳдошт зикр мегарданд.
Аз он ки борҳо Пешвои миллат дар бораи омӯзгор ва мақоми он дар ҷомеа суханҳои хирадмандонаи зиёде гуфта бошанд ҳам, имсол қисмати илму маорифро бо суханоне сар карданд, ки он чунин буд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба он арҷу эҳтиром мегузорем“. Ва бори дигар таъкид карданд, ки мактабу маориф дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақому манзалати омӯзгор самти аз ҳама афзалиятнок аст ва аз ҳамин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадбиру чорабиниҳои зиёдеро ба анҷом медиҳад.
Ҳамчунин дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат оид ба мақому мавқеи илм дар рушди ҷомеаву давлат таъкид карда шуда, давлат қайд карданд, ки муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ, пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникиву технологӣ дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар дошта бошанд. Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан, тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андеша шавад.
Бо дарназардошти ин дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои зерсохтори он, ки бевосита ба илму таълиму таҳсилот сару кор доранд, ҷиҳати татбиқи ин дастурҳо нақшаи тадбирҳои мушаххас таҳия карда ба амалӣ кардани онҳо шурӯъ карданд. Хосатан раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳи рушди маориф вазифадор карда шудаанд, ки аз ҳама бештар ба тарбияи кадрҳои ҷавон ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ бештар ҷалб кардани донишҷӯён ва ҷавонони эҷодкору соҳибистеъдод пайваста тадбирҳои амалӣ андешанд. Ва дар ин замина то соли 2022- юм хеле корҳои зиёде анҷом дода шуд.
Ёдовар шуд, ки дар зарфи се соли охир чандин стратегияҳову барномаҳои давлатӣ рушди соҳаи илму тадқиқот қабул карда шуд, ки бешак дар такомул ва ташаккули илмҳои дақиқ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидати фаъол мекунад. Барномаи “Рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ, техникӣ барои солҳои 2010-2020”, эълон шудани “20- солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, қабул шудани “Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030”, “Стратегияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030” , “Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” аз Ҷумлаи онҳост.
Бояд таъкид кард, ки ин барномаҳо таваҷҷӯҳи махсуси сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро чун ҷузъи муҳими гузариш ба рушди устувори инноватсионӣ ва тадбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон – саноаткунонии босуръати кишвар дониста мешавад. Мақсад аз қабули ин барномаву стратегияҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар он аст, ки бояд омодагии низоми маориф ва илмро ба тағйироти босуръати технологӣ ва тамоюлҳои инноватсионии рушди иқтисоди кишвар таъмин созад.
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “20- солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” як иқдоми хеле хирадмандона ва дурбинона аст, зеро ки тамоми давлатхои мутараққӣ хосатан ШМА, Англия, Олмон, Япония рушди худро бевосита аз таваҷҷӯҳ кардан ба илмҳои дақиқ оғоз карданд ва тақрибан солҳои 1951 Америка як система-марказҳо ташкил мекунад. Системааш илм, технология, риёзӣ ва инноватсия буда, дигар марказҳои зиёде ташкил мекунад дар ҳама штатҳову шаҳрҳои худ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ ин марказҳо дастгирӣ карда мешавад ва ҳама гуна донишҷӯён ва ҷавонони дар ҳамин самт боистеъдодро ба ҳамин марказҳо ҷалб мекунанд ва ба ҳамин восита оҳиста-оҳиста илму технология дар Америка як рушди босуръат пайдо мекунад ва то ба имрӯз идома дорад ва дар давлатҳои дигар ҳам ҳамин чиз дида мешавад. Иқдоми Президенти мамлакат ҳам иқдоми хирадмандона аст, чунки Пешвои муаззами миллат 20- солаи омӯзиши илмҳои дақиқро эълон карданд ва дар ин замина аллакай корҳои зиёдеро ҳам Ҳукумати Тоҷикистон, ҳам Вазорати маориф, ҳам Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар анҷом доданд. Тавре медонем Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олиро мебояд бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ, пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҳамзамон техникаву технологияи муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Имрӯз дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсилоти миёна ва олии кишвари мо аллакай шароитҳои мусоид барои пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ, гузаронидани озмоишҳо муҳайё аст, лекин фақат як мушкилот ва як камбудие, ки дар мо ҳаст, ин ҳам мавҷуд набудани тафаккури техникӣ дар ҷавонони мо, дар хонандагону донишҷӯён мебошад. То ҳамон даврае, ки муносибати босалоҳият ба таълим гузаштем, аз бисёр ҷиҳат тафаккури таҳлилӣ, тафаккури салоҳиятҳои ҷустуҷӯӣ – таҳқиқотии хонандагон ва донишҷӯёнро таълими мо ташаккул намедод ва имрӯз тамоми барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим таҳия ва чоп шудаанд.
Вазифаи аз ҳама аввалиндараҷае ки дар мазмуни таҳсилоти имрӯзаи кишвари мо ворид карда шудааст, ин ташаккули салоҳиятҳои ососӣ, ки ин салоҳиятҳоро салоҳиятҳои калидии асри 21 ҳам мегӯянд, мебошад. Ҳар як ҷавон барои таъмини фаъолияти минбаъдаи ҳаёти худ ва саҳми гузоштан дар рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бояд дорои салоҳиятҳои тафаккури интиқодӣ ва тафаккури таҳлилӣ бошад.
Омӯзгоронро мебояд ба шогирдон, хонандагон ва ҳам донишҷӯён пеш аз ҳама фикр карданро ёд диҳанд. Вақте ки хонанда фикр мекунад, майнаи ӯ ҳамеша дар ҳаракат аст, вай метавонад, ки алакай як чиро ки дид ё хонд онро дарк кунад, онро фаҳмад, онро таҳлил кунад, онро баён кунад, онро танқид кунад ва ғайраву ҳоказо. Ва ин чиз дар мазмуни таҳсилоти мо аллакай ворид шудааст ва барои омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, дар ин маврид дастурҳои муайяну мушаххас ба омӯзгорон пешниҳод шудааст. Дастур, модулу роҳнамоҳои таълимии зиёде ба чоп расидаанд, ки дар дастраси омӯзгорон қарор дорад.
Имрӯз ҷавонони мо хеле хуб дарк кардаанд, ки пешрафту рушди мамлакат ва зиндагии шоиста барои ҳар яки онҳо пеш аз ҳама омӯхтану аз худ кардани илмҳои дақиқ аст. Ҳоло ҷавонони мо натанҳо дар мамлакат, балки дар хориҷи кишвар ҳам хеле зиёд таҳсил мекунанд ва аз натиҷаи баргузории баъзе озмуну олимпиадаҳо муайян мешавад, ки ҷавонони донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар иштирок карда ва ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд.
Ҳар нафаре, ки Тоҷикистонро дӯст медорад, ҳар нафаре, ки ба Пешвои давлати худ эҳтиром гузошта, арҷ мегузорад, мехоҳад Тоҷикистони азизаш рушд кунад, хосатан ҷавонону наврасон бояд ки ба илм рӯ оранд, ба илм рӯ овардан дар ҷавонӣ дар наврасӣ яъне ки бештар хондан, бештар аз худ кардану омӯхтани фанҳои дақиқу табиатшиносиву риёзӣ, яъне ки биология, химия, физика, технология ва ғайра. Ва агар мо ба ҳамин фанҳо бештар рӯ орем ва дар ҳамин самт ба иҷрои корҳои илмӣ тадқиқотӣ шурӯъ кунем, ман боварӣ дорам, ки ҳамон наврас, ҳамон ҷавон ҳатман ба мақсаду муроди худ мерасад ва дар оянда барои худ як зиндагии шоиста касб мекунад ва дар баробари ин дар рушди ватани азизаш сазми беандоза гузошта метавонад.
Ҳоҷимоҳ Гадозода,
радиои “Тоҷикистон”