Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мизгирди байналмилалии илмии «Илм, олим ва ҷомеа: дирӯз ва имрӯз» ва рӯнамоии китоби академик Акбар Турсон “Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал” бахшида ба 103-солагии зодрӯзи аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои СССР, академик Муҳаммад Осимӣ ва гиромидошти академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар ҳамоиш аъзои пайваста ва вобастаи АМИТ, директорон ва муовинони онҳо, ходимони илмии муассисаҳои илмӣ, олимон аз кишварҳои дуру наздик аз тариқи онлайн ширкат намуданд.
Мизгирди байналмилалии илмии «Илм, олим ва ҷомеа: дирӯз ва имрӯз» бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз гардида, зикр шуд, ки академик Осимӣ чун яке аз бузургтарин шахсиятҳои илму сиёсат ва фарҳангу тамаддуни асри гузашта ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, ки академик Осимӣ нигоҳи нави таърихию, татбиқӣ, илмӣ ба фаъолияти омӯзишӣ, идорӣ-роҳбарӣ ва иҷтимоӣ дошт, ки барои хубтару беҳтар рушд ёфтани соҳа саҳми беандоза гузоштааст. Дар идомаи чорабинӣ доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабзод суханронӣ намуда, афзуд, ки академик Муҳаммад Осимӣ зеҳнияти созандагӣ доштанд, ки бараъло намоён шуда меистод.
Тоҷиддин Мардонӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров аз нигоҳи муҳаққиқ ва сиёсатмадори араб” маърӯза карда, изҳор дошт, ки академик Бобоҷон Ғафуров инсони башардӯст буд ва нисбати тақдири одамият бепарвоӣ зоҳир намекард. Ҳамин буд, ки ҷавони донишманди араберо, ки бо нофаҳмиҳои сиёсӣ ҳукми қатл гирифта буд, дастгирӣ менамояд.
Пас аз баромади маърӯзачиён Президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ баён дошт, ки бояд ҳарчӣ бештар дар шинохти ходимони илм талош намоем, чунки шинохти бузургони илм шинохти миллат аст. Дар фарҷоми чорабинӣ гуфта шуд, ки бахшида ба гиромидошти ин бузургони миллат ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе конфронсҳои илмӣ – амалӣ баргузор хоҳанд гашт.
Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон”