Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенси ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо дастгирии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ доир шуда, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, прокуратураи генералӣ, Созмони Байналмилалӣ Муҳоҷират, Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Стратегии танзимӣ, равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 якҷо бо Нақшаи амал бари солҳои 2023-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №3 09 қабул гардида, мақсад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. 

Зимни ҷаласа самтҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва рушди минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон пешниҳоду тавсияҳои судманд манзур гардиданд.

Иноятова Ширин

радиои “Точикистон”