Маросими ифтитоҳи пайкара дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сурат гирифт.
Ба навиштаи sputnikKZ дар маросими пардабардорӣ вазирони фарҳанги Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат кардаанд.
Ибни Сино- олим, файласуф ва табиби форс, ки дар асрҳои X-XI зиндагӣ карда, дар Ғарб бо унвони Авитсена маъруф аст.
Ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар абвоби мухталифи илм навишта, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар саҳаи пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафии буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад.
Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.