18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилоятро ба ифтихори санаи таърихиву тақдирсози истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, барои пазироии гарму самимӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо асри 21-ро асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодаем”.
Қобили тазаккур аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ба истифода супорида шуданд. Ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол бунёду навсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳои сохтмони беш аз 260 иншооту биноҳо ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва ҳамзамон бо ин боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд.
Дар маҷмуъ, барои таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 23 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят 5,7 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Хушксолӣ ва камобии пайдарҳам аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки зиндагии мардуми сайёраро, махсусан дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ торафт мушкил гардонида истодааст.
Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат зарур шумурданд, ки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, кишоварзон ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳар ваҷаб замини дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, ҷиҳати бо маҳсулоти босифат таъмин намудани бозори дохилӣ, аҳли оилаи худ ва захира намудани маводи ғизоӣ барои ду сол мунтазам кӯшиш намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарону мутахассисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдори мамлакат супориш доданд, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра дар вилоят 24 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 7 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд.
Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Помир энерҷи” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ, инчунин офтобӣ ва бодӣ тақвият бахшида, барои 100 фоиз бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии вилоят чораҷӯӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи иҷтимоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар зарфи 20 соли охир ба соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,7 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди вилоят 146 муассисаи тиббии нав бунёд шудааст.
Давоми солҳои истиқлол аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ танҳо ба соҳаи сохтмони вилоят 5,3 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, 1465 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва навсозӣ шудааст.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, масъулони соҳаи маориф, аҳли зиё ва падару модарон доир ба пешгирӣ намудани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткориҳо ва таъмин намудани волоияти қонун тадбирҳои мушаххас ва қатъӣ андешанд.
Дар охири суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди Бадахшон бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин минтақаи биҳиштосои мамлакатамонро боз ҳам обод намуда, онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаву зебои Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мубаддал мегардонанд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла собиқадорону ҷавонон – сардухтури беморхонаи саратоншиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамила Худоёрова, директори Муассисаи давлатии Маркази тайёрии олимпии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Холдоров ва хонандаи муассисаи таҳсилоти умумии рақами 22-и ноҳияи Шуғнон, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” Сафина Имматшоева бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхории ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сухан гуфтанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер ва дигар роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.