15 августи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба (бо қароргоҳ дар Остона) Оскар Сантана Леонро ба ҳузур пазируфтааст.
Тавре Вазорат корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои раванди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба нишасти роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Гурӯҳи 77+ Чин дар Куба мубодилаи афкор намуданд.