Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун, кӯмакҳои Роҳбари давлат ба оилаи қурбониёни садамаи маргбор дар Кӯлоб, масъалаи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли дохилӣ ва манъ шудани воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 ба Тоҷикистон матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 8 август бо нашри матлабе навишт, ки дар пайи ҳодисаи нақлиётии рӯзи 6 август дар Кӯлоб 10 нафар ҷони худро аз даст дода, 12 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, зери назорати пизишкон қарор доранд. Ҳолати 5 нафари маҷрӯҳони ин ҳодиса вазнин ва 5 нафари дигар миёна мебошад.
Нашрия дар идома менависад, ки рӯзи 7 август вазири корҳои дохилӣ, раиси вилояти Хатлон, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул дар якҷоягӣ бо роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба аёдати оилаҳои фавтида рафта, изҳори тасаллият баён намуданд. Инчунин, маводи ниёзи аввалия ва кӯмаки молиявии Пешвои муаззами миллатро ба ин оилаҳо расонданд. Таъкид шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон хонаҳои истиқоматии сокинон пурра барқарор карда мешаванд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Оби дари хона қадр надорад” чоп карда, ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро либоси мактабии истеҳсоли ватаниро хуш надорем.
Муаллиф баъди суҳбат бо чанд нафар аз волидони хонандагон менависад, ки яке аз сабабҳои камтаваҷҷуҳӣ ба сарулибоси мактабии истеҳсоли худӣ дар дӯхт ва тарҳи хуб надоштани онҳо мебошад.
Либосҳое, ки аз хориҷи кишвар ворид мегарданд, агар чандон сифати хуб надошта бошанд ҳам, вале дӯхт ва тарҳи зеботар доранд, ки таваҷҷуҳи зебоипарастонро ба худ ҷалб менамоянд.
Бо назардошти ин ба хулосаи муаллиф, мутахассисони соҳа бояд ба ин тарафи масъала низ эътибор диҳанд, зеро дар баробари сифати хуб доштан, инчунин, намуди зоҳирии либос аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 7 август бо нашри матлабе савол гузоштааст, ки чаро баъзе масъулон хонандагонро барои иштирок дар олимпиадаҳо омода намесозанд?
Ба навиштаи муаллиф, дар ҳаракати олимпии соли 2023 хонандагони боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо дарёфти 1169 ҷойи ифтихорӣ дар мақоми аввал, вилояти Суғд бо 756 ҷойи ифтихорӣ дар мақоми дуюм, вилояти Хатлон бо 669 ҷойи ифтихорӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.
Ба гуфтаи Яҳё Авазов сухангӯи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар ин раддабандӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо дарёфти 12 медали тилло, 22 нуқра ва 189 биринҷӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ба даст овардани 4 медали тилло, 28 нуқра ва 84 биринҷӣ дар мақоми охир қарор гирифтаанд.
Номбурда тазаккур дод, аз натиҷаҳои зикршуда бармеояд, ки масъулини шуъбаҳои маориф ва директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Роғун, Лахш, Рашт, Файзобод, Дарвоз, Мурғоб ва Роштқалъа ба рушди ҳаракати олимпӣ дар маҳал диққати ҷиддӣ надода, хонандагони болаёқатро барои иштирок дар даври ҷумҳуриявию байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи зарурӣ омода накардаанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 9 август мақолае бо номи “Фоҷеа дар Кӯлоб. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ… имкон дошт?” чоп карда, тафсилоти садамаи маргбори нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлобро нашр кардааст.
Ба навиштаи муаллиф хатарзо будани нишебии роҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб мавзӯест, ки борҳо матраҳ гардидааст. Ин маҳалест, ки на як маротиба чунин воқеа иттифоқ афтодааст. Муаллиф менавсиад, гап дар сари он ки дар ин роҳи сарнишеб ҳатто як таваққуфгоҳи садамавӣ нест, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ ронандагон дар он паноҳ биҷӯянд.
Масъалаи вазни бори мошинҳои сангини боркаш аст, ки аз ин шоҳроҳ убур мекунанд ва аз меъёри муқарраргардида зиёдтар бор мегиранд, аммо тарозуҳо, бо гирифтани маблағи муайян чашм мепӯшанд.
Аз сӯи дигар, тибқи муқаррарот мошинҳои боркаш ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва нигаҳдории роҳҳо дар давраи тобистон набояд тариқи шоҳроҳҳо ҳаракат кунанд, вале тавре сокинон мегӯянд, “Дуланҳо” ҳамарӯза роҳат аз маркази Кӯлоб мегузаранд.
Ба хулосаи муаллиф, агар масъулин дар идома чунин бепарвогӣ зоҳир кунанд, имкон дорад, ки борҳои дигар такрор ёбад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 10 август, масъалаи манъ шудани воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистонро матраҳ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 36887 адад воситаи нақлиёт ворид карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли пеш, 21 610 адад бештар аст.
Муаллиф дар ин замина менависад, ки манъ шудани воридоти мошинҳои кӯҳна ба Тоҷикистон боис мешавад, то шаҳрвандон дар хариди мошин бештар ба мошинҳои нав таваҷҷӯҳ кунанд. Яъне ба ибораи дигар нархи мошинҳои кӯҳна боло рафта, қимати онҳо бо арзиши мошинҳои нав қариб, ки баробар мешавад.
Дар чунин ҳолат шаҳрвандон дар хариди мошин бештар ба мошинҳои навтар рӯ меоваранд, ки барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳисти зист ва коҳиши партовҳои зараровар ба фазо мусоидат мекунад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”