Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар давоми нимсолаи авали соли равон ба кишварамон 808 адад электромобилҳо ворид шудаанд.
Ба таъкиди ӯ воридоти чунин мошинҳо пурра аз пардохти гумрукӣ озод мебошанд. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки ҳаҷми маблағҳои аз пардохти гумрукӣ озодкардашуда аз ин намуди воситаи нақлиёт дар нимсолаи аввали соли 2023 77,5 миллион сомониро ташкил додааст. Дар баробари ин Хуршед Каримзода сабаби манъ шудани воридоти мошинҳои сохти то соли 2013 – ро ба Тоҷикистон ба афзоиши садамаҳо ва ҳифзи муҳити зист алоқаманд донист. Ба гуфтаи Хуршед Каримзода сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар нимсолаи аввали соли 2023 ба ҷумҳурӣ беш аз 36 ҳазор мошинҳои сохти то соли 2013 ворид карда шудааст ва пас аз иҷроиши қарори дахлдор воридоти мошинҳои кӯҳна ба Тоҷикистон, аз 2-юми октябри соли 2023 қатъ мешавад.
Дар идомаи нишаст Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки 15 самт аз пардохти маблағи гумрук озод карда шудаанд, ки инҳо маблағҳои кӯмаки башардӯстона, воридоти мол барои ташкилотҳои эҳсонкорӣ, таҷҳизоти истеҳсолӣ – технологӣ, ҳама намуд техникаи кишоварзӣ, доруворӣ ва асбобҳои тиббӣ, маблағҳои созишномаҳои грантӣ, молҳое, ки барои объектҳои махсусан муҳимми ҳукуматӣ, таҷҳизот ва маҳсулоте, ки барои маъюбон мебошад, таҷҳизоти тамоми таҷҳизоту техника дар самти сайёҳӣ ва парандапарварӣ, воридоти моле, ки барои истеҳсоли алюминий аввалия истифода мешавад ва молҳое, ки барои корхонаҳои ба коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд. Ба гуфтаи ӯ дар нимсолаи якуми соли 2023, имтиёзҳои тарифию андозӣ дар шакли пурра ва кисман озодкардашуда 74,1 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намудааст.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки таҳлили фаъолияти ҳифзи ҳукукии Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ нишон додааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2023, дар маҷмуъ, 1499 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 338 ҳолат зиёдтар аст. Аз ҳисоби умумии ҳуқуқвайронкуниҳои бақайдгирифташуда 30 ҳолат ба ошкори ҷиноят мансуб дониста мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат зиёд аст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”