Озомоишгоҳи бузурги вирусологӣ ва бактериологӣ ба кор андохта мешавад

Баъд аз ду моҳ дар назди бинои АМИТ озмоишгоҳи бузурги вирусологӣ ва бактериологӣ ба фаъолят шуруъ мекунад. Ин нуктаро Фарҳод Раҳимӣ Президентӣ Академияи мазкур имрӯз зимни нишасти хабарӣ байён намуд.

Ба таъкиди номбурда бинобар надоштани озмоишгоҳи муосири вирусологӣ, кишвари мо дар раванди каронавирус таҷрибаи сахтро аз сар гузаронд, аз ин хотир мо ба ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷумла ба Агентии байналмилалии нерӯи атомии ҳукумати Норвегия муроҷиат кардем. “Ҳамин тавр бино аз ҷониби АМИТ сохта шуда, таҷҳизот аз хориҷи кишвар тавассути грантҳо ба маблағи 50 – 60 миллион сомонӣ ворид карда шуд”, мегӯяд Фарҳод Раҳимӣ, Президенти АМИТ.

Дар идомаи нишасти хабарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба масъалаи зиёдшавии чангу ғубор дар кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. “Яке аз вазифаҳои асосие, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди АМИТ гузонтаанд, ин безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивие мебошанд, ки дар даҳ мавзеи вилояти Суғд мавҷуданд”, гуфт Фарҳод Раҳимӣ дар идомаи нишасти хабарӣ. Ба гуфтаи ӯ агар ин моддаҳо безарар гардонида нашаванд, метавонанд, ки ба муҳити зист, экология ва мардуме, ки дар атрофи ин мавзеҳо зиндагӣ мегунанд, таъсири манфӣ расонанд.

Ҳамчунин дар нишасти хабарӣ Фарҳод Раҳимӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳолатҳои заминларза иброз намуд, ки ҳамасола дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 20 ҳазор заминларза ба қайд гирифта мешавад, ки аз 30 то 35 тои он заминларзаҳои эҳсосшаванда мебошанд. Бинобар таъкиди ӯ давоми ду рӯзи охир дар қаламрави кишвар заминлазаи 3,1 бала зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки маркази асосии ин заминларзаҳо шимоли Афғонистон, кӯҳҳои Ҳиндукуш ва куҳҳои Ҳимолой мебошанд.

Сарвинози Сайидалӣ

радиои Тоҷикистон