Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ аз кам шудани муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ, муфлисшавии “Тоҷпромбонк” ва ташкили судҳои сайёр хабар дод.
“Тоҷпромбонк” аз 1-уми август расман муфлисшуда эълон шудааст,- дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Суди оллии иқтисодии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Дар нишасти матбуотии қаблӣ ин ниҳод хабар дода буд, ки “Тоҷпромбонк” ҳамроҳ бо ду бонки дигари кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд. Ба таъкиди манбаъ қарори ниҳоиро Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба имзо расонидаас ва “Тоҷпромбонк” муфлис эълон шудааст.
Ҳамзамон дар нишасти хабарии Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон аз 135 % барзиёд рӯёнидани боҷи давлатӣ иттилоъ дода шуд, ки маблағи 261 166 859 сомониро ташкил медиҳад. Тавре Рустам Мирзозода раиси Суди оллии иқтисодии Тоҷикистон иброз дошт ин маблағҳо аз ҳисоби боҷи давлатӣ ва зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти иҷрои санадҳои судии солҳои қаблӣ мебошад.
Инчунин Рустам Мирзозода афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1592 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 211 адад кам мебошад. Раиси Суди оллии иқтисодии Тоҷикистон Рустам Мирзозода сабаби кам шудани парвандаҳои иқтисодиро дар баланд шудани маърифати ҳуқуқии сокинон донист.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби Суди Олии иқтисодии кишвар судҳои сайёр ташкил гардидааст, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст. Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти хабарии Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон хабарнигорон ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.