Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 124 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 30 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар 94 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, то рӯзи ин ҷашни таърихӣ ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода 29 июл зимни нишасти матбуотӣ баён доштааст.
Тавре АМИТ “Ховар” дар истинод юа нишасти матбуотии ноҳия навиштааст, картошкапарварони ноҳия соли 2023 дар майдони умумии 5392 гектар картошка кишт намудаанд, ки 3203 гектари он ба заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боқимонда ба заминҳои президентӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ рост меояд. Ҳамчунин дар ин муддат дар майдони умумии 1339 гектар зироати ғалладонагӣ ва дар 214 гектар сабзавот кишт шудааст.
Дар шаш моҳи соли равон баҳри таъмини амнияти озуқавории сокинони ноҳия аз ҷониби мутахассисони Маркази ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Лахш ба миқдори 63 кг гӯшт, 25 литр шир, 198 дона тухм ва 205 кг меваю сабзавот ҳамчун маҳсулоти бесифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.