Рӯзи 10-уми июл дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и шаҳри Душанбе курси омӯзишӣ барои доварон таҳти унвони «FIFA MA Elite Referees Course» оғоз гардид. Ин курсҳои омӯзишӣ ташти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) баргузор мешавад.
Давоми 5-рӯз дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО Ҳакан Аназ аз Австралия, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия фаъолият кардааст, дар Тоҷикистон барои доварон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.
Дар курсҳо дастурдиҳандаҳо аз Тоҷикистон – Умед Раҳимов ва Кристина Пронженко, инчунин 32-довари футбол – 12-довари марказӣ ва 20-ёвар иштирок мекунанд.
Курсҳои ФИФА барои доварон дар Тоҷикистон то 14-июл идома меёбад.