Марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба охир расид

Марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 бо баргузории се бозии даври 5-ум хотима ёфт. Дар бозии марказии ин давр дастаи «Соро компания» муқобили «Амонатбонк» бо ҳисоби 6:4 ғолиб омад.

Дар бозии дигар футзалбозони «Истиқлол» ба дарвозаи «Истаравшан» 14-гол заданд. Бозингарони дастаи шаҳри Душанбе – Шавкат Ҳалимов, Арстанбек Турсунов, Насратшо Исмоилов, Комрон Алиев ва Иқбол Воситзода тавонистанд, ки муаллифи дубл шаванд.

Дар бозии дигар «Самандар»-и Турсунзода дар меҳмонӣ дастаи «Пойтахт»-ро бо ҳисоби 8:5 ноком карда, аввалин ғалабаашро дар ин мавсим ба даст овард.

Ҳамин тариқ, пас аз марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон ду даста – «Истиқлол» ва «Соро компания» бо касби 13-имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор гирифтанд.

Дар робита ба иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар чемпионати кишвар танаффус эълон шуд. Марҳилаи дуюми Суперлига аввали моҳи август оғоз мешавад.