Баргузории чорабинӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии обии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи иқтисодию технологии TOBB-и Туркия

9 июни соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи TOBB ETÜ чорабинӣ дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва «2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои донишҷӯён ва ҷонибҳои ҳавасманд ташкил намудааст.

Дар ин хусус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дода, илова мекунад, ки зимни чорабинӣ намояндагони ду ҷониб, аз ҷумла Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, муовини сардори раёсати муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва оби Вазорати корҳои хориҷии Туркия Симла Озкая, устодони риштаи энергетикаи донишгоҳ д-р Кутай Челебиолу ва д-р Садик Какач, инчунин масъулини Идораи давлатии кор дар соҳаи об (DSİ) ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи чорабинии мазкур иштирокчиён аз Маркази технологӣ вобаста ба ихтироъ ва озмоиши турбинаҳои НБО боздид намуданд.