Шикасти дуюми тими футзали Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 дар Ҷидда бозии дуюмро анҷом дод.

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» дар даври дуюми сабқати гурӯҳӣ аз тими миллии Арабистони Саудӣ бо ҳисоби калони 0:8 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи Алҷазоир бар тими Либия бо ҳисоби 3:2 ғалаба намуд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали кишварҳои араб рӯзи 10-уми июн футзалбозони тоҷик бо тими Алҷазоир бозӣ мекунад.

Бояд қайд намуд, ки аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳии мусобиқа ду даста аз се гурӯҳ, инчунин ду дастаи беҳтарин аз миёни дастаҳое, ки ҷойҳои сеюмро ба даст меоранд, ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.