Доварони тоҷик бозизои «CAFA Nations Cup-2023»-ро дар Бишкек ҳакамӣ мекунанд

Бозиҳои гурӯҳи «В»-и Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки аз 10-ум то 16-уми июн дар Бишкек баргузор мешаванд, доварон аз Тоҷикистон – довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод ҳакамӣ мекунанд.

Дар гурӯҳи «В»-и мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Афғонистон миёни ҳам сабқат мекунанд. Дар бозии аввали ин мусобиқа 10-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек тимҳои миллии Қирғизистон ва Афғонистон вомехӯранд.

Сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар гурӯҳи «А» дар Тошканд ба ҳайси фитнес-инструктори доварон кор мекунад. Инҷо дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Уммон ва Туркманистон мубориза мебаранд.