Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё 2024-ро оид ба футзал мизбонӣ мекунад

Рӯзи 29-май Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзалро эълон намуд.

Дар натиҷа 8-кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Баҳрайн, Тайбейи Чин, Индонезия, Муғулистон ва Тайланд макони баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 интихоб гардиданд. Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё 2024-ро оид ба футзал аз 7-ум то 11-уми октябр баргузор мешаванд.

Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 22-юми июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур доир мегардад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 31-даста ба 8-гурӯҳ тақсим мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо ва инчунин 7-дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал-2024 мешаванд.