Размкори тоҷик Муҳаммад Наимов бо UFC қарордод ба имзо расонид

Яке аз размкорони дигари тоҷик Муҳаммад Наимов – қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, якчанд маротиба ғолиби Чемпионати Осиё, барандаи Ҷоми ҷаҳон, қаҳрамони мутлақи ИМА, бо ташкилоти бонуфузи UFC шартнома баст.

Муҳаммад Наимов 4-умин размкори тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо ин ташкилоти бонуфуз шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Қаблан, размкорони шинохтаи кишвар Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров ба UFC роҳ ёфта буданд ва Лоиқу Нурулло дар рақобатҳои аввалинашон шаҳди пирӯзӣ чашидаанду, Муин бошад рақобати аввалинашро интизор аст.

Бояд қайд намоем, ки Муҳаммад Наимов рақобати дебютиашро субҳи 4-уми июн муқобили Ҷейми Малларки (16-5) дар Лас-Вегас доир мекунад. 

                     Сорбон Амонуллозода