Рӯзи 28-май дар Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷагирии ин мусобиқа мунтахаби наврасони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷӣ гардид.
Дар бозии даври ниҳоии мусобиқа, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 1:2 ноком шуд.
Дар бозии дигари ин давр мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 4:0 пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон дар 4-бозӣ 10-имтиёз ба даст оварда, ғолиби Чемпионати CAFA-2023 гардид. Тими ҷавонони Эрон бо 9-имтиёз дедалҳои нуқраро соҳиб шуданд. Зинаи ифтихории сеюмро тими наврасони Тоҷикистон ба даст овард. Аз рӯи натиҷаи мусобиқот шогирдони Раҳматулло Фузайлов 5-имтиёзро касб карданд. Дар ин мусобиқа дастаи наврасони кишвар бар тими Туркманистон (4:2) ғалаба карда, бо мунтахабҳои Афғонистон (1:1) ва Ӯзбекистон (1:1) рақобатро мусовӣ намуданд.
Дар маросими ҷоизасупории Чемпионати CAFA-2023 ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов иштирок карданд.
Ҷоизаи «Fair Play» насиби тими ҷавонони Афғонистон ва ҷоизаи махсус насиби дастаи Туркманистон гардиданд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бозингари тими миллии Эрон Ризо Мирзоён бо задани 6-гол дониста шуд. Беҳтарин бозингари Чемпионати CAFA-2023 сарвони тими мунтахаби Ӯзбекистон Муҳаммадалӣ Уринбоев интихоб гардид.
Сорбон Амонуллозода