Рӯзи 28-май дар доираи бозиҳои даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳам рақобат намуданд.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди футболбозони шаҳри Кӯлоб хотима ёфт.
Қисми аввали бозӣ бо натиҷаи 0:0 ба охир расид. Дар қисми дуюми рақобат, аниқтараш дар дақиқаи 59-уми вохӯрӣ Амирҷон Сафаров ба задании гол даст ёфта, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Баъд аз гузаштани 2-дақиқа Фатҳулло Олимзода аз партофти Амирҷон Сафаров истифода карда, голи дуюми «Равшан»-ро ба самар расонид. Баъди голи дуюми футболбозони «Равшан» футболбозони бошгоҳи «Истиқлол» дар зудтарин фурсат ба задании гол даст ёфта ҳисоби бозиро 1:2 намуданд. Голро Шервони Мабатшоев аз партофти головари Алишер Ҷалилов ба самар расонид. Дар идома футболбозони «Истиқлол» кӯшиш карданд то натиҷаи бозиро мусовӣ намоянд, лекин имкон барояшон даст надод.
Баъди ин пирӯзӣ дастпарварони Тоҳир Муминов бо касби 20-имтиёз ба зинаи 2-юми ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон баромаданд. Ин ғалабаи 3-юми футболбозони шаҳри Кӯлоб муқобили «Истиқлол» дар мавсими имсола ба ҳисоб меравад. Пас аз ин бохт дастаи «Истиқлол» бо 23-имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот боқӣ монд.
Сорбон Амонуллозода