Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии Мубин Эргашев, ки моҳи сентябр дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 ширкат мекунад, моҳи июн бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бозиҳои дӯстона миёни ин дастаҳо рӯзҳои 15-ум ва 19-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Бояд қайд намоем, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад. Рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ ба ҳисоб мераванд. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 6-ум то 12-сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони 11-гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин 4-тими беҳтарине, ки дар ҷойи 2-юм қарор мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-апрел то 3-май дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.