Дар доираи бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳои Аврупо дастаҳои «Интер» бо «Милан» ва «Манчестер Сити» бо «Реал Мадрид» рақобат намуданд.
Бозии аввал миёни дастаҳои «Интер» ва «Милан» сурат гирифт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Сан-Сиро»-и шаҳри Милан доир шуда, бо ҳисоби 1:0 бар суди мизбонон хотима ёфт.
Голи ягонаи ин вохӯриро дар дақиқаи 74-уми бозӣ аз партофти Ромелу Лукаку истифода бурда, Лаутаро Мартинес ба самар расонид. Бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 2:0 бар нафъи «Интер» хотима ёфта буд. Ҳамин тавр, аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 3:0 футболбозони «Интер» пирӯз гардида, ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Интер» бо гузаштани 13-сол дигарбора ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт.
Дар бозии дигари ин марҳила «Манчестер Сити» дарвозаи «Реал Мадрид»-ро голборон намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестер доир шуда, бо ҳисоби калони 4:0 бар суди мизбонон хотима ёфт.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ аз ҳайати «Шаҳриҳо» – Бернарду Силва ду маротиба, Эдер Милитао (х/г) ва Хулиан Алварес ба самар расониданд. Беҳтарин бозингари вохӯрӣ аз ҳайати бошгоҳи «Манчестер Сити» – Бернарду Силва дониста шуд.
Бозии аввали дастаҳо дар шаҳри Мадрид бо ҳисобии мусовии 1:1 анҷом ёфта буд. Аз ҳисоби бозии рафту баргашт дастаи «Манчестер Сити» бо ҳисоби 5:1 муқобили бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Дар финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо дастаҳои «Интер» ва «Манчестер Сити» бо ҳам рақобат мекунанд. Бояд қайд намоем, ки финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо миёни дастаҳои «Манчестер Сити» ва «Интер» рӯзи 11-уми июн дар шаҳри Истамбули Туркия доир мегардад.
Сорбон Амонуллозода