Рӯзи 12 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол вохӯрӣ анҷом дод.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқизода З. А. имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии кишварро муаррифӣ намуда, аз Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намояд.
Дар навбати худ Роҳбари Корпоратсия ҷаноби Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Ҳамзамон дар доираи мулоқоти мазкур байни Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ ба маблағи умумии 100 миллион доллари ИМА Созишномаи ҳамкорӣ барои самтҳои қайдгардида ба имзо расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн. доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.