Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дуюми асари безаволи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳрири нав бо теъдоди 10 ҳазор нусха аз ҷониби нашриёти «Эр-Граф» рӯйи чоп омад. Дар ин бора аз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нашри нави китоби «Чеҳраҳои мондагор» зиндагиву осори шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқи тоҷик, аз қабили Деваштич, Сайфуддини Исфарангӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва Шамсиддини Шоҳин илова гардида, ба баъзе мақолаҳои дигар низ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудааст.
Китоби «Чеҳраҳои мондагор», ки дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърузаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зевари табъ ороста шудааст, фарогири рӯзгору осори шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангии ҷумҳуриамон буда, хонандаро бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик шинос мекунад.
Дар сарсухани китоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурат ва муҳиммияти таълифи ин китоб ишора карда, таъкид медоранд: «Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад».
Ёдовар мешавем, ки нашри якуми китоби «Чеҳраҳои мондагор» соли 2016 ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияву тадвин шуда, аз ҷониби хонандагон дар дохил ва хориҷи мамлакат ба хушнудӣ пазироӣ ёфта буд.