Бозтоби натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, вазъи амниятӣ дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, вокуниши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҳодисаи бадрафторӣ бо сарбозон ва рафти корҳои кишту кори баҳорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯҳои баррасишуда дар нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанеб аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 25 ва 27 апрел оид ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузоришҳои муфассал нашр карда, дар мавриди ифтитоҳи иншоотҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин вилоят маълумоти пурра пешниҳод кардааст.
Дар баробари ин нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи 26 апрел мақолае бо номи “Алоқа. Рушди соҳа тақозои замон аст.” чоп карда, менависад, ки шумораи муштариёни интернет дар Тоҷикистон 4,5 миллион нафар ва истифодабарандагони фаъоли алоқаи мобилӣ беш аз 5,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аммо ба таъкиди муаллиф мутаассифона, суръат ва арзиши интернет дар кишвар ҳанӯз қонеъкунанда набуда, баъзан байни мардум норизогиву нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меорад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муаллиф рушди алоқа асоси пешрафт буда, тавсеаи иқтисодиву иҷтимоӣ бидуни он ғайриимкон аст. Зеро дар ҷаҳони имрӯз технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ, низоми иқтисодии кишварро ба куллӣ дода, ба ин васила, барои рушди соҳибкорӣ, зиёд шудани сармоягузорӣ, ҷамъшавии сармояи инсониву молиявӣ мусоидат менамоянд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” ҳамчунин дар ин шумораи худ мақолае дар робита ба мушкилоти сокинони маҳаллаи “Ховарон”-и шаҳри Душанбе чоп кардааст. Муаллиф дар ин замина менависад, ки то ҳол мушкилоти таъминот бо оби нӯшокӣ, дар минтақаҳои 13 ва 14-ум ва сари вақт хизматрасонӣ накардани нақлиёти мусофиркашӣ дар минтақаҳои 13, 14 ва 15-уми маҳаллаи «Ховарон» ҳал нагардидааст.
Аз ҷумла аз норасоии об сокинон бо маблағи гарон об мехаранд, ки на ҳама ба он дастрасӣ доранд. Мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ низ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи сокинони ин маҳал, дар ин масир микроавтобуси мусофиркаши хатсайри рақами 35 ҳаракат мекунад, лекин ин микроавтобусҳо субҳгоҳӣ чанд адад ба шумор пайдо мешаванду баъдан зуд ғайб мезананд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 25 апрел масъалаи таъмини амнияти иттилоотиро дар мусоҳиба бо Силмон Мавлонназаров мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ кардааст.
Ба гуфтаи Силмон Мавлонназаров мутаассифона, дар мактаб барои омӯзиш ва истифодабарии телефони мобилӣ дарс гуфта намешавад, ҳол он ки имрӯз таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба телефони мобилӣ бештар шудааст. Кӯдакон аллакай ба ин технология даст ёфтанд ва шурӯъ аз хӯрдсолон то сатҳи болоӣ ҳама истифодабарандаи интернет ҳастем.
Дар идомаи мусоҳиб таъкид мекунад, ки агар назорат аз тарафи волидайн ва ҷомеа нисбат ба ҷавонону наврасон дар масъалаи истифодаи интернет пурзӯр нагардад, мо онҳоро шабу рӯз аз даст медиҳем. Ба гуфтаи номбурда, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои бадхоҳи миллат барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои худ аз роҳҳои гуногун аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ақидаҳои динӣ ва ваъдаи подоши пулӣ истифода мекунанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 26 апрел масъалаи фаъолият накардани таксофонҳо дар пойтахтро матраҳ кардааст. Дар ин матлаб як нафар донишҷӯ ин саволро матраҳ кардааст, ки модоме, ки ин таксофонҳо дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аксаран дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе насб шудаанд, чаро кор намекунанд? Муаллиф дар ин замина навиштааст, ки барои посух ба ин савол мунтазири вокуниши масъулини ниҳодҳои зиддахл аст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи ба ҳабс гирифтани як нафар подполковник дар робита ба навори латукӯби сарбозон иттилоъ дод.
Ба навиштаи ин манбаъ, дар баробари боздошти панҷ нафар сарбозони қисми ҳарбии 0215 нерӯҳои марзбонӣ, инчунин рӯзи 25-уми апрел, нисбати сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 подполковник Лазуриев Нузхат бо дастрасии моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд. Зикр мешавад, ки тафтиши пешакии ин парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Нашрияи русизабони “Азия плюс” низ дар шумораи рӯзи 27 апрел ба навори латукӯби сарбозони ҷавон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, таваҷҷӯҳ кардааст. Муаллиф менавсиад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаи латукӯб ва меҳтарсолорӣ дар артишро бо қатъият маҳкум намуда, аз мақомоти дахлдор дархост намуданд, ки гунаҳкорони ин ҳодиса ошкор ва муҷозот шаванд, то минбаъд ба такрори чунин ҳолат роҳ дода нашавад.
Дар идомаи ин матлаб муаллиф, таъкид кардааст, ки агар сарбозон дар замони хизмати ҳарбӣ озори ҷисмонӣ ва ё лату куб рӯбарӯ шаванд, имкон доранд ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Прокуратураи ҳарбӣ, Вазорати мудофиа ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон расман муроҷиат кунанд.
Нашрияи “Азия плюс” дар матлаби дигари ин шумораи хеш хабар додааст, ки буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли нави 2023 ҳамвора барзиёд иҷро мешавад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳаҷми буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 9,5 млрд долларро ташкил дод, ки ин нисбати нақшаи муайяншуда 5,7% ва ё 520 млн сомонӣ бештар аст.
Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии “Пайк” дар шумораи рӯзи 27 апрел дар матлабе хабар дод, ки Мактаб-интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Муъминобод баста мешавад. Иноятулло Раҳмонов раҳбари ин муассиса ба нашрия гуфтааст, ки тибқи тасмими мақомоти дахлдор баъди анҷоми соли таҳсил ин мактаб-интернат баста мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Иноятулло Раҳмонов дар Мактаб-интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Муъминобод 119 нафар хонанда, аз ҷумла 3 нафар ятими кулл, 76 нафар нимятим ва боқӣ кӯдакон аз оилаҳои камбизоат таҳсил мекунанд.
Муаллиф дар хулоса таъкид кардааст, ки қаблан раиси ноҳияи Муъминобод аз шароити бади ин муассиса гила карда буд ва ӯ метавонист барои ҳалли ин мушкилот мусоидат кунад, то мактаб-интернат баста нашавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”