Мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии аввалинашро дар «CAFA Nations Cup 2023» бо дастаи футболи Туркманистон баргузор мекунад

Тақвими бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 10-ум то 20-уми июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, муайян шуд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии мусобиқа мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон ҷойгир шуд.

Тими мунтахаби Тоҷикисто бозии аввалинашро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон анҷом медиҳад.

Дар бозии дуюм бошад рӯзи 14-уми июн футболбозони тоҷик бо Уммон дидор анҷом медиҳад. Бозии охири марҳилаи гурӯҳиро дастаи футболи Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн бо мунтахаби Ӯзбекистон мегузаронад.