Рақибони тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA NATIONS CUP 2023» муайян гардид.

Рақибони тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 10-ум то 20-июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, муайян гардиданд.

Аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» ҷойгир шуд. Дар ин гурӯҳ тими миллии кишвар бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон дидор анҷом медиҳад. Бозиҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешаванд. Тимҳои Эрон, Қирғизистон ва Афғонистон бошад дар гурӯҳи «В» дар Бишкек ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони ин гурӯҳҳо дар финал бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳашон ҷойи дуюмро ба даст меоранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд.

Натиҷаи қуръакашии Ҷоми «CAFA Nations Cup 2023»:
Гурӯҳи «А»
Ӯзбекистон (мизбони гурӯҳ)
Тоҷикистон
Туркманистон
Уммон

Гурӯҳи «В»
Эрон
Қирғизистон (мизбони гурӯҳ)
Афғонистон