Санаи 23-25, ҷаласаи якуми Ассамблеяи генералии Маҷмааи иттиҳоди Осиёии ҳифзи мероси фарҳангӣ (ACHA), ки дар шаҳри Луини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат иштирок ва суханронӣ намудааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти фарҳанг хабар дода, зикр кардааст, ки Зулфия Давлат аз таърихи қадима ва ёдгориҳои беназири кишвар ёдовар гардида, аҳли нишастро аз таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,корҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори соҳавӣ Вазорати фарҳанг, ки дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ҷараён доранд, ибрози ибрози ақида кардааст.
Ба иттилои манбаъ, доираи баррасӣ ва суханронии иштирокчиёни ҷаласа муттаҳиднамоии имконият ва дастовардҳои кишварҳои бо ҳам дӯст ва азми онҳо дар самти ҳифз ва истифодаи мероси фарҳангии ҳамдигар бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён гардиданд.