Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар маҷлисгоҳи бинои Шарқи Озод рӯнамоии китоби “Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд” бахшида ба 70 – солагии журналисти варзида, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Бобоҷон Абдулвоҳидов баргузор гардид. Дар рӯнамоии ин китоб рӯзноманигорони шинохта, адибон, шоирон, кормандони рӯзномаи “Садои мардум” ва дигар ҳаводорони илму адаб ширкат варзиданд.
Дар рӯнамоӣ гуфта шуд, ки Бобоҷон Абдулвоҳидов яке аз хабарнигорони ангуштшуморе буд, ки моҳияту ҳадафҳои шакли думаҷлисаи Маҷлиси Олӣ, сохтори он ва Парламентаризми тоҷикро хуб дарк мекард ва аз ҷараёни фаъолияти он гузоришу мақолаҳоеро бо камоли нуктафаҳмӣ рӯи коғаз меовард. Тавре зимни суханронӣ адиб Муҳтарам Ҳотам зикр кард, рӯйи чоп омадани китоби “Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд” дар ҳаёти фарҳангии мамлакат падидаи хуб аст, зеро барои ояндагон ва дӯстдорони касби рӯзноманигорӣ донистани фаъолияти пурмаҳсули хабарнигорони таҷрибадор зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар рӯнамоии китоби “Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд” дӯстону наздикон ва ҳаммаслакони Бобоҷон Абдулвоҳидов доир ба ҳаёту рӯзгори ӯ ёддоштҳояшонро баёндошта, афзуданд, ки Бобоҷон Абдулвоҳидов мададгори кормандонаш буд, на сарфармондеҳи онҳо, машваратгар ва маслиҳатгари онҳо буд, на ҳукмфармо. Ва чунинаш хислати бобокалонҳои баҳикматро мемонд, ки нуфузи хирадаш корҳоро амалӣ мекунад ё такон мебахшад.
Мавриди зикр аст, ки китоби “Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд” аз се бахш иборат буда, намунаҳо аз осори журналистии Бобоҷон Абдулвоҳидов, аксҳо аз лаҳзаҳои корӣ ва дар ҳалқаи пайвандон, инчунин меҳрномаҳои ҳампешагону ҳамнишинонро ташкил медиҳад.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”