Баррасии проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлол дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлол” бахшида ба 50-солагии таъсиси ин Донишкада, 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва 145 солагии устод Садриддин Айнӣ, баргузор гардид.

Дар кори конференсия Баҳодур Сайфиддинов, корманди Раёсати санъат ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни дорнишкада иштирок намуданд.

Дар оғози ироаи маърӯзаҳои илмии Конференсия Алишер Авғонов, номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯи “Абунасри Форобӣ ва андешаҳои илмии ӯ перомуни мусиқӣ” баромад карда, қайд намуд, ки дар саргаҳи илми мусиқишиносии ҷаҳони ислом форсҳо қарор доранд ва ё касоне ҳастанд, ки дар ҳудуди фарҳангии эронӣ табия ва парвариш ёфтаанд. Бахусус Борбади Марвазӣ, ки дар замони ҳукмронии сулолаи Сосониён зистаю баҳри рушди санъати мусиқӣ хизмати калон намудааст, исботи гуфтаҳои боло мебошад.

Ҳамчунин дар Конференсия Бозор Сайфуллозода, номзади илмҳои педагогӣ баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои норасоии об, ҳифзи намудани пиряхҳо, иқлим, муҳити зист ва дигар масъалаҳои экологӣ маърӯза намуд.

Ҳамзамон дар кКнференсия гуфта шуд, ки давоми ҳафтаи ҷорӣ дар ҳама кафедраҳои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби мудирони кафедраҳо ва дигар устодони ботаҷриба барои донишҷӯён хонда мешавад, ки ин барои бедор намудани завқи донишҷӯён дар самти корҳои таҳқиқотӣ – илмӣ мусоидат менамояд.

Сарвинози Сайдалӣ

Радиои “Тоҷикистон”