Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум ва муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кадрҳои ҷавону корозмуда таъйин шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, ноҳияи Лахш, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Хуросон, Восеъ, Данғара, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Муъминобод, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистону Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавон вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир бояд пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.

«Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед!» — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.