Масъалаҳои марбут ба ҳамкории техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори хазинадории Бонки ҷаҳонӣ Тереза Кече ва менеҷери барномаи «Шарикии машваратӣ ва идоракунии захираҳо»-и Бонки ҷаҳонӣ Ҷорҷ Бентли дар Вашингтон баррасӣ гардид.
Мулоқот дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ идома ёфта, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи барномаи «Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо» дар самти расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 узви барномаи «Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо» буда, корҳои назаррасро дар ҳамбастагӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ анҷом дода истодааст. Инчунин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Бонки ҷаҳониро ба идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ бо назардошти вазъӣ бозори молиявӣ ва номуайянӣ дар сиёсати монетарии давлатҳо ҷалб намуд.
Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон омодагии худро ба ҳамкории техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ тавассути истифодаи фишангҳои нави бозори молиявӣ ва баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тариқи баргузории машварат ва даврҳои омӯзишӣ баён намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон