Ҳайати ҷудокорони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2023 муайян гардид

Аз 7-ум то 14-уми майи соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини тарзи ҷудо баргузор мегардад.

Тибқи низомномаи Федератсияи байналмилалии ҷудо IJF дар Чемпионати ҷаҳонии 2023 варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар 100-гона ҷойгир бошанд.

Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо…
Эмомалӣ Нуралӣ -66кг
Шаҳбоз Саидаброров -66кг
Беҳрӯз Хоҷазода -73кг
Шодмон Ризоев -81кг
Сомон Маҳмадбеков -81кг
Комроншоҳ Устопириён -90кг
Ҷаҳонгир Маҷидов -90кг
Абубакри Акобир -100кг
Темур Раҳимов +100кг намояндагӣ мекунанд.

Ба ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷудои ҷаҳон-2023, дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 26000 евро, ба барандагони медали нуқра 15000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим карда мешавад. Дар рақобатҳои даставӣ бошад, барои ҷои аввал 90000 евро, барои ҷои дуюм 60000 евро ва барои медалҳои биринҷӣ 25000 евро пешбинӣ шудааст.

Инчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо ва олимпӣ соҳиби имтиёз мешаванд. Аз ҷумла ғолибон 2000-имтиёз, барандагони медали нуқра 1400-имтиёз ва барои ҷойҳо сеюм 1000-имтиёз дода мешавад.