Футболбози 18-солаи тоҷик, Хусрав Тоиров билохира баъди 8-бозие ки дар ҳайати «Шахтёр»-и Донетск дар курсии эҳтиётӣ буд, 16-апрел дар бозӣ муқобили «Лвов» дар дақиқаи 82-юм ба майдон баромад.
Бояд қайд намоем, ки Хусрав Тоиров моҳи март бо бошгоҳи «Шахтёр»-и Донетск шартнома ба имзо расонида буд ва то ҳол дар ҳайати бошгоҳи украинӣ, бозие анҷом надода буд. Далели аҷиб: Хусрав Тоиров дар 9-умин бозии баъди имзо кардани шартнома ба майдон омад ва ҳамагӣ 9-дақиқа бозӣ кард. Шояд ин рақам, рақами ояндаи ӯ дар Шахтёр бошад.