Санаи 14 апрели соли равон дар ноҳияи дурдасти Мурғоб бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1 гектар боғи нав бунёд гардид.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, дар дохили боғи навбунёд дарахти бед, ки дар шароити ноҳия нашъунамои хуб дорад, инчунин ба таври таҷрибавӣ хучу ангат низ шинонда шуд.
Боғи навбунёд дар солҳои минбаъда ба як макони фарҳангӣ фароғатӣ табдил дода шуда, дар ин ҷо тамоми шароит барои тафреҳ ва бозии кӯдакон муҳайё карда мешавад.
Сокинони ноҳияи Мурғоб, ки як дилона дар бунёди боғ меҳнат намудаанд, барои чунин иқдомҳои неки Роҳбарияти Олии мамлакат ва Раиси вилоят дар изҳори хушнудӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, идораву муассисаҳо зиёда аз 10 ҳазор дарахти бед, 400 адад хуч, 400 намуд ангат ва гули садбарг шинонда шуданд.